Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории гумрукиро тақвият медиҳанд

Май 17, 2016 11:56

Душанбе, 17.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории мутақобилан судмандро густариш медиҳанд. Дар ин росто масъалаи роҳандозии лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори идораҳои гумрук дар Осиёи Марказӣ» дар мулоқоти Хуршед Каримзода -муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ бо Тюри Вернер, намояндаи мақомоти гумруки Вазорати федеролии молияи Австрия дар Душанбе матраҳ гардид.
Дар мулоқот зикр шуд, ки Австрия дар доираи фаъолияти Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ шурӯъ аз соли 2017 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамкории судмандро дар бахши иқтисод ва гумрук ба таври густурда амалӣ менамояд. Тюри Вернер таъкид кард, ки нақши фаъоли Вазорати федеролии молияи Австрия дар доираи раисии Дафтари САҲА аз ташкили давраҳои омӯзишӣ (Workshops) дар минтақа, иштироки фаъолона дар вохӯриҳои сатҳи байналмилалӣ, ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ, тақвияти нақши Австрия ҳамчун миёнарав ва шарики боэътимод дар минтақа, ҷорӣ намудани шабакаи ягона дар минтақа бо мақсади манзури маълумоти марбут ба қаллобӣ ва ҷанбаҳои амниятӣ, идоракунии таваккал, ҳамгироӣ ва идоракунии сарҳадот, барасмиятдарории гумрукӣ, тартиби гумрукӣ бо назардошти шакли содагардонии расмиёти савдо, ташкили шароити устувор барои воридот ва содироти иқтисоди австриягӣ ба минтақа иборат мебошад.
Дар мулоқот зикр шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур инчунин ташкили семинару вохӯриҳои ҳамоҳангсозӣ, баррасии паҳлуҳои гуногуни ҳамкории минбаъда дар соҳаи сарҳадот, гумрук, мубодилаи иттилоот, эҷоди заминаҳои мусоид барои содироти мол аз Австрия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Май 17, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад