Ҳунармандони хатлонӣ ба Бадахшон мераванд
Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 май то 1 июни соли равон баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар дошта шудааст ва ба ин хотир аҳли ҳунари вилоят ба ин сафар омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Тавре ки Бурҳониддин Раҷабов, сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ дод, дар ин сафар ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа, Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо барномаҳои пурмазмуни фарҳангӣ, ҳамчунин Маҳмадалӣ Аюбов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Аловиддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва чанде дигарон бо барномаҳои рангини ҳаҷвӣ табъи тамошобинони бадахшониро дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ болида хоҳанд кард.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






