В. Колоколтсев: «Ба мо лозим аст, ки ба рушди ҳамкорӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем»
Душанбе, 24.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. «Ман Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар кунондам, ки тафтишот оид ба қазияи оромгоҳи Ховани Маскав таҳти назорати шахсии ман қарор дорад. Ягон бадкирдор, новобаста аз кадом минтақа ё давлат буданаш аз масъулият озод намешавад. Гурӯҳи тафтишотӣ, ки қазияи мазкурро таҳқиқ менамояд, низ тамоми вазъиятро мушаххас намуда, тарафдори он аст, ки ҷинояткорон дар асоси қонун ба масъулияти ҳуқуқӣ кашида шаванд», — гуфт пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Роҳбари идораи ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамчунин таъкид кард, ки бо Эмомалӣ Раҳмон як суҳбати муфассал оид ба таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир барпо гардид. «Бо назардошти шарикии стратегӣ миёни ду кишвар бори дигар зарурати таҳкими таъсири дуҷониба дар самтҳои фаъолияти хизматии амалиётӣ, чун мубориза бар зидди экстремизм, терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид гардид»- зикр кард В. Колоколтсев.
Зимни идомаи ин мавзӯъ роҳбари ВКД ФР афзуд, ки имрӯз зарурат бар он аст, ки ба рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, роҳ надодан ба воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба сафҳои созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
«Вазифаи мо он аст, ба бадрафторон иҷозат надиҳем, ки ба муносибат миёни миллатҳо таъсири манфӣ расонанд, зеро ҷинояткорӣ миллат надорад. Он ҳаводисе, ки дар дар кишвари мо аз ҷониби шаҳрвандони Федератсияи Русия ё Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меоянд, ба ягон миллат ё давлати алоҳида робита надоранд », — гуфт дар анҷом Колоколтсев.
Вазири умури дохилии ФР зикр намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои иҷрои супоришҳои роҳбарони ду кишвар, таъмини тартибот ва амнияти шаҳрвандон саъю талоши муштарак ба харҷ медиҳанд.
Тарҷумаи Манзар Боева








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






