Валентина Матвиенко барои ҳалли мунсифонаи қазияи Хованск мусоидат менамояд
Душанбе, 19.052016/АМИТ Ховар/. Ҳеҷ гуна аъмоли муғризонаи шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ наметавонанд муносиботи хуби Тоҷикистону Русияро халалдор намоянд. Мо ҳаргиз ба чунин шахсон имкон намедиҳем, ки ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд,- гуфт Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Валентина Матвиенко доир ба қазияи оромгоҳи Ховански шаҳри Маскав, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, ба Шукурҷон Зуҳуров ва дар шахси ӯ ба хонаводаҳои қурбоншудаҳо ҳамдардии амиқ баён намуда, аз вуқӯи ин ҳодиса дар қаламрави кишвараш ибрози таассуф кард.
Валентина Матвиенко ба Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ дод, ки қазияи мазкурро шахсан зери назорат гирифта, барои ҳалли мунсифонаи он мусоидат менамояд.
Дар мулоқот ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Русия, вазъи минтақа ва ҷаҳон матраҳ гардид. Зикр шуд, ки дар қиболи афзоиши хатарҳои ҷаҳони муосир зарурати таҳкими равобити дуҷониба дар бахши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ба миён омадааст.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






