Вохӯрӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар масҷиди ҷомеи Маскав

Май 12, 2016 12:16

Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР дар ҳамкорӣ бо кормандони Сафорати ҶТ дар ФР бо муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Рӯзи ҷумъа шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик барои адои намоз дар ин макон ҷамъ меоянд ва баргузории мулоқот дар масҷиди мазкур барои ҳарду ҷониб мусоидат менамуд.
Дар вохӯрӣ бештар аз 1200 шаҳрванди тоҷик ҷамъ омада, доир ба аҳамияту зарурати раъйпурсӣ маълумот гирифтанд.
Кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, мухоҷират ва шуғли ахолии ҶТ дар ФР дар бораи участкаҳои ташкилшудаи раъйпурсӣ дар Федератсияи Русия маълумот дода, иштирокдорони вохӯриро барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ даъват намуда, зикр намуданд, ки тағйиру иловаҳои мазкур ба Сарқонуни ҶТ тақозои давру замон буда, ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар заминаи боэътимод мегузоранд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар манотиқи Федератсияи Русия идома доранд.

Май 12, 2016 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад