Ёде аз қаҳрамонию ҷонбозиҳои диловарони Ҷанги дуюми ҷаҳон

Май 7, 2016 10:36

Душанбе,7.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 71-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 6 май дар Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ маҳфили фарҳангӣ баргузор шуд.

Сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Файзали Шарифзода аз он рӯзҳои даҳшате, ки ба сари халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омада буд, муборизаи беамон бо истилогарони фашистӣ ва қаҳрамонию шуҷоати абадмардони майдони набард ёдовар шуд. Зикр гардид, ки корнамоии фарзандони Ватан, аз он ҷумла диловарони тоҷик дарси далерию ибрат ба наслҳои оянда буда, ҷонфидоии онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотираи неки мо фаромӯш нахоҳад гашт.

Дар мавзӯъҳои «Аҳамияти Рӯзи Ғалаба бар фашизм», «Қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» аз ҷониби омӯзгорону курсантони Академия маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар идомаи маҳфили фарҳангӣ дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ аз рӯи асари Сафармуҳаммад Аюбӣ спектакли «Ориёӣ» пешкаши тамошобинон гардид. Аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ дар васфи Ватану ватандӯстӣ, корнамоию қаҳрамониҳои диловарон сурудҳои дилнишин суруда шуд.

Май 7, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд