204 оилаи муҳоҷири дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд
Душанбе, 01.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 204 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда шуданд. Муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 40 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Нурулло Назаров, дар вилоятҳои Хатлон 101 оила, Суғд 23 оила ва НТҶ 80 оила бо қитъаи замин таъмин гардида, сохтмони манзили истиқоматиашон аллакай оғоз гардидааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ бояд 505 оила ихтиёрӣ кўчонида шаванд, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 218 оила, вилояти Суғд 160 оила ва НТҶ 127 оила.
Бояд гуфт, ки дар ин муддат ба 175 оилаи муҳоҷирони дохилӣ 525 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок (ба ҳар сардори оила 3000 ҳазор сомонӣ) тавассути сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон барои пардохт интиқол дода шуд.
Дар айни замон корҳои омодагӣ ҷиҳати кўчонидан ва ҷобаҷо намудани муҳоҷирони боқимондаи дохилӣ идома дорад.
Ҷиҳати таъмин намудани муҳоҷирон бо оби нўшокӣ ва дигар ифрасохторҳои зарурӣ Хадамоти муҳоҷират ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор зич ба роҳ мондааст. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» соли равон кўчонидани 400 хоҷагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳати дар минтақаҳои бехавф бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намудан корҳои муайян ба итмом расонида шуданд,- иброз дошт Нурулло Назаров.
То имрўз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 309 хоҷагии дар мавзеъҳои хавфнок истиқоматдошта бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд, ки ин 77 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар мавзеъҳои бехавф аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират муҳоҷирон бо қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин гардиданд.
Дар айни замон муҳоҷирон дар маҳалҳои нави ҷудогардида ба кори сохтмони манзили истиқоматӣ оғоз намуданд.
Таъмин намудани муҳоҷирони ба нақша гирифташуда бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақтаинаи моддӣ ҳоло идома дорад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






