204 оилаи муҳоҷири дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд

Июнь 1, 2016 15:47

Душанбе, 01.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 204 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда шуданд. Муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 40 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Нурулло Назаров, дар вилоятҳои Хатлон 101 оила, Суғд 23 оила ва НТҶ 80 оила бо қитъаи замин таъмин гардида,   сохтмони манзили истиқоматиашон аллакай  оғоз гардидааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ бояд  505 оила ихтиёрӣ кўчонида шаванд, аз ҷумла дар вилояти Хатлон  218 оила, вилояти  Суғд 160 оила ва НТҶ  127  оила.
Бояд гуфт, ки дар ин муддат ба 175 оилаи муҳоҷирони дохилӣ 525 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок (ба ҳар сардори оила 3000 ҳазор сомонӣ) тавассути сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар  шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон барои пардохт интиқол дода шуд.
Дар айни замон корҳои омодагӣ ҷиҳати кўчонидан ва ҷобаҷо намудани муҳоҷирони боқимондаи дохилӣ идома дорад.
Ҷиҳати таъмин намудани муҳоҷирон бо оби нўшокӣ ва дигар ифрасохторҳои зарурӣ Хадамоти муҳоҷират ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор зич ба роҳ мондааст. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» соли равон кўчонидани  400 хоҷагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳати дар минтақаҳои бехавф бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намудан корҳои муайян ба итмом расонида шуданд,- иброз дошт Нурулло Назаров.
То имрўз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 309 хоҷагии дар мавзеъҳои хавфнок истиқоматдошта бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд, ки ин 77 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар мавзеъҳои бехавф аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират муҳоҷирон бо қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин гардиданд.
Дар айни замон муҳоҷирон дар маҳалҳои нави ҷудогардида ба кори сохтмони манзили истиқоматӣ оғоз намуданд.
Таъмин намудани муҳоҷирони ба нақша гирифташуда бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақтаинаи моддӣ ҳоло идома дорад.

Июнь 1, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд