4 голи беҷавоби Белгия ба дарвозаи Венгрия
Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Белгия дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Аврупо 2016 дарвозаи тими миллии футболи Венгрияро голборон намуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Мунисипал»-и шаҳри Тулузеи Фаронса баргузор шуд. Дар дақиқаи 10-уми бозӣ мунтахаби Белгия бо голи задаи муҳофизатгар Тоби Алдервейрелд ҳисобро кушод.
Ҳарчанд ки бозингарони дастаи мунтахаби Венгрия кӯшиш мекарданд, то ҳисоби бозиро мусовӣ кунанд, вале муваффақ нашуданд. Қисми аввали бозӣ бо ҳамин натиҷа ҷамъбаст гардид.То дақиқаи 78-уми дидор дигар мухлисон шоҳиди задани гол нашуданд. Аммо мунтахаби Белгия баъди як кӯшиши капитани даста Эден Азар, ки аз кунҷи майдон партофт намуду онро Миши Батшуайи бо гол анҷом дод, ҳисобро боз таъғир дод. Баъди ду дақиқа Эден Азар худ бо як маҳорати хосса аз чанд бозингари рақиб гузашту кунҷи дарвозаи Габор Кирайро нишон гирифту иштибоҳ накард ва ҳисоб 3:0 гардид. Дар дақиқаҳои охирини рақобат ба ҳамлаи ҷавобии созмондодаи тими мунтахаби Белгия, Янник Феррейра-Карраско нуқтаи ниҳоӣ гузошт.
Ҳамин тариқ, тими мунтахаби Венгрия маротибаи чаҳорум тӯбро аз дохили дарвозааш гирифт ва баъд аз ин гол Венгрия бо Ҷоми Аврупо хайрухуш намуд.
Дастаи мунтахаби Белгия ба марҳилаи 1/4- ниҳоии Чемпионати Аврупо роҳ ёфт ва дар ин зинаи мусобиқа акнун бо тими миллии футболи Уелс рақобат мекунад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






