Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоиштаи мост!

Июнь 23, 2016 08:03

Душанбе, 23.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  нуздаҳ сол   сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи  такдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ  аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо ин ҷашни муқаддаси миллиро бояд чун гавҳараки чашм пос дорем, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз кунем.

Солҳои 1992-1997  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекарданд. Дар ҳамон замон кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури  исломи сиёсӣ оварда расониданд. Арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурданд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуданд, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбинии дигарро эътироф намекарданд. Дар ҳамон солҳо душманони миллат мехостанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро порча-порча кунанд.

Хушбахтона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона, матонат ва зиракиву ҳушёрии худ   кишварро аз вартаи фалокат берун овард, мардуми парокандаро  сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор муҳоҷирро ба  Ватан баргардонд. Президенти кишвар дар як муддати кӯтоҳ вайронкориҳоро ба ободӣ табдил дода, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори кишвар  талоши азим кард. Бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ваҳдати миллӣ-ин афзал донистани  манфиатҳои миллӣ бар  манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ  аст, зеро ҳеҷ як аз манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ омили ҳастии миллат ба шумор меравад. Ба андешаи ман, чанд омил мавҷуд аст, ки Ваҳдати миллиро барои мардуми кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлақ мегардонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм —  хориҷӣ ва дохилӣ ҷудо намуд.

Ба омилҳои хориҷӣ метавон ходисаҳои охири чаҳони имрӯза, бахусус, рӯйдодҳои Афғонистон, Сурия,  Ироқ ва Либияро   шомил сохт. Яъне заиф будани ваҳдати миллӣ дар ин мамлакатҳо ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи  арзишҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо мудохила карда,  бад-ин васила, манфиатҳои геополитикии худро дар минтақа амалӣ созанд. Ба омилҳои хориҷӣ инчунин муносибати на он қадар дӯстонаи баъзе мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе шарикони стратегиеро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳар гуна монеаҳои сунъӣ эҷод месозанд, метавон дохил намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати  миллӣ  хоҳад буд.

Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароии динӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро дар баъзе кишварҳо гурӯҳҳое ҳастанд, ки зери ниқоби ислом метавонанд ҳар лаҳза амният ва суботро  барҳам зананд. Аз дидгоҳи он, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи бозиҳои геополитикӣ ва манифатхоҳии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун узви ин минтақа аз доираи  таъсир берун буда наметавонад.  Фазои минтақа тақозо менамояд, ки муҳити идеологиву сиёсии кишвар боз ҳам пурқувват карда шавад. Бахусус, равона намудани таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷавонон, ки асоси устуворӣ ва ояндаи кишваранд, мувофиқи мақсад мебошад, зеро давлатҳо ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар навбати аввал мекӯшанд, ки таъсири идеологии худро дар муҳити ҷавонон устувор гардонда, минбаъд онҳоро барои амалисозии мақсадҳои сиёсии худ моҳирона истифода баранд.

Зикр намудан зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти миллии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст. Ба омилҳои дохилӣ, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур ва фарҳангӣ сиёсии аҳолӣ дохил  мешавад. Омили мазкурро ба омилҳои ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст, зеро масъалае, чун дарки зарурати Ваҳдати миллӣ аз Ваҳдати миллӣ вобаста будани такдир ва ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамояд. Баъзан саволе пеш меояд, ки чӣ меъёр ё арзиши олие бояд бошад, ки ба хотири он байни қавму миллатҳои гуногуни кишвар Ваҳдат вуҷуд дошта бошад? Дар чунин ҳолат на дин ва на миллат чунин вазифаро иҷро карда наметавонанд. Чунки дар кишвар ғайр аз пайравони дини Ислом боз пайравони дигар динҳо низ ҳастанд. Инчунин боз як идда шахсиятҳое низ вуҷуд доранд, ки дар зиндагии хеш бо дин ҳеч як робитае доштан намехоҳанд. Ҳамзамон дар ҷумҳурии мо намояндагони миллату қавмҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд ва арзишҳои миллии мо ба ҳамаи онҳо дахл доранд.

Ҳоло инсоният бо хатару таҳдидҳои мутлақан нав дучор гардидааст, ки масъалаи ваҳдати миллиро боз муҳимтар ва мубрамтар намудааст.

Бо мақсади ҳифзи минбаъдаи суботи сиёсии дохилӣ ва болоравии иқтисоди кишвар моро зарур аст, ки маҷмӯи тадбирҳои босамарро љиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ тарҳрезӣ намоем, ки чанде аз онҳоро зикр менамоем:

  1. Тарҳрезии доктрина ё стратегияи ваҳдати миллӣ барои 7-10 сол, ки дар он мавқеи давлат доир ба рушд ва таҳкими ваҳдати миллӣ дақиқан нишон дода шавад. Лаҳзаҳои калидии ин санад бояд дар Шӯрои амният таҳти раёсати Роҳбари давлат баррасӣ гарданд. Ҳадафи асосии санад аз ҳифзи манофеи давлат, яъне таҳкими анъанаҳои маънавии мардум, роҳ надодан ба ғояҳои зараровар ва манфӣ, ки ҷанбаи табъизӣ ё  ифротӣ доранд, иборат мебошад. Санад ҳамчунин имкон медиҳад, ки чораҳои давлатӣ доир ба таҳкими ваҳдат ва ягонагиву ҳамбастагии миллат низомбандӣ шаванд, ки натоиҷи ниҳоии онҳо иқтидори кишварро меафзояд.
  2. Тарҳрезии Барномаи миёнамуҳлати миллӣ доир ба рушд ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ. Зарурат ба санади мазкур аз худи ҳаёт бармеояд. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона устувор меистад ва заминаи муҳими давлати мазкур, бешубҳа, фаъолиятнокии ниҳодҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Имрӯз ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ВАО-и мустақими электронӣ ва чопӣ маҳаки ҷудонашавандаи ҷомеаи мо гардидаанд. Дараҷаи фаъолиятнокии  онҳо меъёри муҳими ҷомеа демократӣ мебошад. Барнома бояд иқтидор ё захоири амалинашудаи ташкилотҳои ғайриҳукуматиро низ дар бар гирад.
  3. Омили дигари назаррас ё қобили аҳамият рушд ва такмили низоми маорифи давлатӣ мебошад.
  4. Тавре ки ба ҳама маълум аст, зиёда аз 70% -и аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар робита ба ин, вазифаи эҳёву тавонбахшии клубҳои фарҳангии деҳот ба вуҷуд меояд. Дар тафовут аз клубҳои шӯравӣ клубҳои ҳозира бояд марказҳои зеҳнии маҳалҳо гарданд. Яъне метавонанд саҳнаи таъсирноки таблиғи идеяҳои сулҳ, дӯстии байни миллатҳо ва ваҳдати миллӣ шаванд, инчунин рисолати муассисаи фарҳангӣ-маданӣ – маърифатиро сифатан иҷро намоянд.
  5. Махсусиятҳои низоми муосири сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ ҷараёни ҷаҳонигароӣ (глобализатсия) мебошад, ки мутобиқи он мо ба иқтисоди ҷаҳонӣ қадам ба қадам ҳамгиро мешавем. Бешубҳа, ҷаҳонигароӣ ҷараёни объективӣ буда, натиҷаи пешрафти ҷомеаи инсонӣ мебошад, вале аз сӯи дигар, таъсири мутақобилаи муайяни манфии он низ вуҷуд дорад, ки он, қабл аз ҳама, ба маънавиёти миллат дахл дорад. Аз ин рӯ, мо бояд арзишҳои ҳақиқиро аз арзишҳои тахайюлию дурӯғин фарқ карда тавонем.

6. Равнақ додани соҳаи рушди туризми дохилӣ дар саросари кишвар.

7. Ташкил намудани бозорҳои наздисарҳадии (минтақаҳо) дохили кишвар.

8. Зиёд намудани мусобиқаҳои фарҳангию варзишӣ дар байни вилоятҳову шаҳрҳо.

9. Таъсис намудани корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти ватанӣ.

  1. Нашр намудани китобҳо, ривоятҳо, осори андешамандон ва нависандагон дар бораи ваҳдати миллӣ ва паҳн намудани онҳо дар тамоми китобхонаҳои саросари кишвар ба тариқи сайёр.

Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронааш Тоҷикистонро дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои ХХI аз фоҷиаи миллӣ раҳо кард ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад

Ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон барои ободиву шукуфоии Ватан ва таҳкими Ваҳдати миллӣ барои  мо ҷавонон манбаи илҳом барои азму ғайрати дучанд аст. Ҷавонон бояд аз ҳамаи  имкониятҳо самаранок ва оқилона истифода баранд ва барои дар оянда боз ҳам ободу  зебо шудани Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.

 

Ҳикматулло  Хоҷаев.
Коршиноси Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июнь 23, 2016 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад