Ҷаҳонгир Ҷалилов ҳунарнамоиашро дар футбол хотима дод

Июнь 24, 2016 08:44

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе муҳофизатгар Ҷаҳонгир Ҷалилов ба қароре омадааст, ки ҳунарнамоииашро дар майдонҳои футбол ба анҷом расонад.
Тавре сомонаи клуб иттилоъ медиҳад, Ҷаҳонгир дар бозии охирини худ дар ҳайати «Истиқлол» 26 июн дар вохӯрии дӯстона бо КФ «Локомотив»-и Маскав ба майдон меояд ва карйераи худро ҳамчун футболбоз бо ин бозӣ ба анҷом мерасонад. Ӯ гуфтааст: «Баъди ҳунарнамоии дуру дароз дар футбол бо сабабҳои вазъи саломатӣ ман бозии футболро як сӯ мегузорам ва ба ҳамаи мухлисону мураббиён ва ҳамдастаҳоям изҳори миннатдорӣ мекунам, ки бо ҳам будем».
Ёдовар мешавем, ки Ҷаҳонгир Ҷалилов аз соли 2009 дар ҳайати дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ карда, унвондори чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон, соҳиби Ҷоми президенти КФО ва финалисти Ҷоми КФО мебошад.

Июнь 24, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд