Ҷаҳонгир Эргашев: «Голҳоро ба модарам мебахшам»

Июнь 3, 2016 11:35

Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев, ки беҳтарин бозингари вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш эълон шуд, дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» иттилоъ дод, ки ду голи задаашро дар бозии плей-оффи Чемпионати Осиё -2019 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки бо натиҷаи 5 бар 0 ба поён расид, ба модараш мебахшад.
«Модарам ҳамеша ба ман ғамхору мушфиқ аст, -мегӯяд ӯ,-дар ҳар ҷое набошам, маро дастгирӣ мекунад ва ба роҳи рост ҳидоят месозад. Ҳоло ки дар дастаи «Динамо»-и Беларус бозӣ мекунам, дурии ӯро эҳсос менамоям ва имрӯз ин голҳои задаамро ба модарам мебахшам. Ба сармураббии дастаи мунтахаб Ҳаким Фузайлов ташаккур мегӯям, ки ба ман бовар кард ва дар ҳайати асосӣ ҷой дод».
Ҷаҳонгир Эргашев соли равон баъди бозиҳои Ҷоми Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шартномаи худро бо дастаи «Динамо»-и Брест ба имзо расонд ва ҳоло шарафи ин дастаро ҳимоя мекунад. Ӯ дар ҳамаи бозиҳои имсолаи «Динамо» ширкат карда, муаллифи як гол шудааст.
Ҷаҳонгир Эргашев дастпарвари клуби футболи «Хуҷанд» буда, дар шаҳри Қайроққум 6 марти соли 1994 ба дунё омадааст. Дар ҳайати дастаҳои «Хуҷанд», КМВА «Помир» ва «Истиқлол» ҳунарнамоӣ карда, бо «Истиқлол» соҳиби Ҷоми олии Тоҷикистон(2012), Ҷоми даъвати КФО(2012) ва Ҷоми Тоҷикистон(2013) гардидааст. Узви дастаи мунтахаби наврасон, ҷавонон  ва миллии Тоҷикистон аз соли 2013 мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Ҷаҳонгир Эргашев дар бозии плей-оффи Чемпионати Осиё бо дастаи мунтахаби Бангладеш дар дақиқаҳои 19 ва 30 ду голро ба ҳадаф расонд ва умед аст, ки силсилаголҳояшро дар дастаи мунтахаб идома медиҳад.

Июнь 3, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд