Ҳафтаи «Кӯдакони хушбахт» дар Кӯлоб

Июнь 1, 2016 16:57

Кӯлоб, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 25 ҳафтаи иқдомҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар доираи ҳафтаи «Кӯдакони хушбахт» маҳфили фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд.
Дар маҳфил зикр гардид, ки ҳамасола ҷашн гирифтани  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  ифодагари он аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳаёти кӯдакон  бе тафовут набуда, ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо медонад.
Намоиши ҳунарҳои дастии кӯдакон ба  тамошо гузошта шуд. Кӯдакон ба машғулиятҳои шавқовар, аз ҷумла ба бозиҳои варзишии шоҳмот, гӯштингирӣ ва футбол фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин барномаи фарҳангии кӯдакон ва наврасон ба ҳозирин пешниҳод гардид, ки он ба ҳусни чорабинӣ шукӯҳи бештар зам кард.

Июнь 1, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст