Ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Бангладеш дар вохӯрии ҷавобии плей-офф

Июнь 7, 2016 18:04

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки  финали он дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузарад,  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка соҳибони майдон, дастаи мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 1:0 мағлуб кард. Ягона голро дар дақиқиаи 8 Аҳтам Назаров ба ҳадаф расонд.

Сармурабии дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаро чунин муайян кард:

Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов (Даврон Тӯхтасунов, 46), Табрези Давлатмир (Манучеҳр Аҳмадов,72),Аҳтам Назаров , Умедҷон Шарифов , Нуриддин Давронов,  Ҷахонгир Эргашев , Амирбек Ҷӯрабоев, Сиёвуш Асроров, Парвиз Умарбоев, Аҳтам Ҳамроқулов (Манучеҳр Ҷалилов,46).

Ба ҳамин тартиб футболбозони мо баъди ду ғалаба 5:0 ва 1:0 бар дастаи мунтахаби Бангладеш ба  бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019, ки моҳи марти соли оянда  оғоз мешавад, роҳ ёфтанд.

Июнь 7, 2016 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад