Ғалабаи дастаи «Помир»-и Душанбе бар «Сомон»-и Данғара

Июнь 11, 2016 09:28

Душанбе,  11.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи рақобатҳо оид ба футбол, дар чаҳорчӯбаи Ҷоми Тоҷикистон  вохӯрии тимҳои «Помир»—и Душанбе ва «Сомон»-и Данғара баргузор шуд. Бозии мазкур дар майдончаи  сунъии назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ сурат гирифт ва бо натиҷаи 3:2 анҷом пазируфт. Дидори дастаи «Помир» ва «Сомон» ба хотири роҳ ёфтан ба марҳилаи 8/1 ниҳоии  Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.  Талошу тараддуди футболбозони ҳарду тим ҷиҳати роҳхат гирифтан ба марҳилаи  навбатии Ҷоми Тоҷикистон бозиро ҷолибу шадид ва  диданӣ кард. Аз оғоз то ба анҷоми бозӣ футболбозони ҳарду тим ба дарвозаҳои ҳамдигар  ҳамлаҳои пай дар пай менамуданд.
Нахуст бозингари моҳиру  чолоки дастаи «Сомон»  Фурқат  Холбобоев дар дақиқаи 17-ум ҳисоби бозиро кушод.  Бо ҳамин як гол қисмати аввали дидор ба поён расид.  Қисмати дуюми дидор  хеле шадиду сергол сурат гирифт ва мухлисон шоҳиди  4 голи дигар шуданд. Дар дақиқаи 48-ум як зарбаи дақиқу ҳадафраси Шаҳром Самиев аз дастаи «Помир»  ҳисобро  мусовӣ кард.
Бозингари дигари  тими «Помир» Тоҳир Маладӯстов бо голи задаи худ дар дақиқаи 62-юми рақобат дастаашро ба пеш баровард. Талошу кӯшишҳои футболбозони дастаи «Сомон» дар дақиқаи 77- ум самар оварданд. Бахтовар Наҷмиддинов тӯбро таслими дарвозаи мизбон намуду ҳисобро мусовӣ кард. Аммо футболбозони тими «Помир»  ҳеҷ намехостанд, ки дар майдони худ ба бохт рӯ ба рӯ гарданд.
Билохира дар дақиқаи 81-уми бозӣ голи задаи Далер Ёдгоров ғолибияти тими «Помир»-ро дар ин дидор таъмин намуд.

Июнь 11, 2016 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик