Ғалабаи дастаи «Помир»-и Душанбе бар «Сомон»-и Данғара
Душанбе, 11.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи рақобатҳо оид ба футбол, дар чаҳорчӯбаи Ҷоми Тоҷикистон вохӯрии тимҳои «Помир»—и Душанбе ва «Сомон»-и Данғара баргузор шуд. Бозии мазкур дар майдончаи сунъии назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ сурат гирифт ва бо натиҷаи 3:2 анҷом пазируфт. Дидори дастаи «Помир» ва «Сомон» ба хотири роҳ ёфтан ба марҳилаи 8/1 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд. Талошу тараддуди футболбозони ҳарду тим ҷиҳати роҳхат гирифтан ба марҳилаи навбатии Ҷоми Тоҷикистон бозиро ҷолибу шадид ва диданӣ кард. Аз оғоз то ба анҷоми бозӣ футболбозони ҳарду тим ба дарвозаҳои ҳамдигар ҳамлаҳои пай дар пай менамуданд.
Нахуст бозингари моҳиру чолоки дастаи «Сомон» Фурқат Холбобоев дар дақиқаи 17-ум ҳисоби бозиро кушод. Бо ҳамин як гол қисмати аввали дидор ба поён расид. Қисмати дуюми дидор хеле шадиду сергол сурат гирифт ва мухлисон шоҳиди 4 голи дигар шуданд. Дар дақиқаи 48-ум як зарбаи дақиқу ҳадафраси Шаҳром Самиев аз дастаи «Помир» ҳисобро мусовӣ кард.
Бозингари дигари тими «Помир» Тоҳир Маладӯстов бо голи задаи худ дар дақиқаи 62-юми рақобат дастаашро ба пеш баровард. Талошу кӯшишҳои футболбозони дастаи «Сомон» дар дақиқаи 77- ум самар оварданд. Бахтовар Наҷмиддинов тӯбро таслими дарвозаи мизбон намуду ҳисобро мусовӣ кард. Аммо футболбозони тими «Помир» ҳеҷ намехостанд, ки дар майдони худ ба бохт рӯ ба рӯ гарданд.
Билохира дар дақиқаи 81-уми бозӣ голи задаи Далер Ёдгоров ғолибияти тими «Помир»-ро дар ин дидор таъмин намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






