Ғалабаи тими Олмон бар Словакия

Июнь 28, 2016 16:31

Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Дастаи мунтахаби Олмон бори дигар исбот намуд, ки дар Ҷоми Аврупои кунунӣ довталаби асосист. Ҳарифи чемпионҳои ҷаҳон дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Чемпионати Аврупо тими мунтахаби футболи Славакия ба ҳисоб мерафт ва олмониҳо бе ягон мушкилӣ кори худро дар муқобили ин рақибашон ҳалл намуданд. Муҳофизатгари тими мунтахаби Олмон Жером Боатенг бо зарбаи аз масофаи дур задааш дар дақиқаи 8-уми дидор ҳисобро кушод. Баъдан Мисут Озил дар дақиаи 13-ум зарбаи 11- метараро анҷом дод, аммо дарвозабони ҳариф Матуш Козачик дарвозаашро аз ин гол наҷот дод.
Дар қисми аввали бозӣ ҳамлагари тими  мунтахаби Олмон Марио Гомес голи дуюми дастаашро ба самар расонид. Дар дақиқаи 63-юми вохӯрӣ Юлиан Дракслер маротибаи сеюм дарвозабони дастаи мунтахаби Славакияро маҷбур намуд, ки тӯбро аз дохили дарвозааш берун биёрад. Билохира футболбозони олмонӣ баъди ин музаффарият ба даври навбатӣ роҳ ёфтанду рақиби ояндаашонро интизоранд.

Июнь 28, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд