Ҳамаи муоина ва машваратҳои ҳатмии тиббии пеш аз издивоҷ ройгон ба роҳ монда мешаванд

Июнь 13, 2016 13:49

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  «Ҳамаи муоина ва машваратҳои  ҳатмии тиббӣ, ки  ҷавонон қабл аз издивоҷ бояд гузаранд, ройгон ба роҳ монда мешавад». Дар ин бора сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Шералӣ Раҳматуллоев  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд. Шуруъ аз 1 июли соли равон  қонунҳои ҶТ «Дар бораи манъ намудани никоҳи  хешутаборӣ»  ва «Дар бораи аз муоинаи  ҳатмии тиббӣ   гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» амалӣ мегарданд.
Ҳадафи асосии тағйирот ба Кодекси оилаи кишвар- солим нигоҳ доштани оила, ки як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа аст, маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 26 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки 35% онҳо,  чуноне ки  мутахассисон мегӯянд, аз никоҳи  хешутаборӣ ва аз 10 то 20% бар асари бемориҳои сироятӣ ба дунё омадаанд
Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷобир Ғозиев, мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур дар ҷомеаи кишварамон саривақтӣ ва муҳим буда, он барои коҳиш додани беморихои  ирсӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
«То 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 143 ҳазору 878 маъюб ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 6 ҳазору 130 маъюб ба ВМКБ, 47 ҳазору 750 ба вилояти Суғд, 48 ҳазору 471 ба вилояти Хатлон, 14 ҳазору 646 ба шаҳри Душанбе ва 26 ҳазору 881 ба НТҶ  рост меояд.  Пас аз 5 соли амалӣ гаштани ин ду қонуни муҳим  метавон хулоса кард, ки теъдоди маъюбони модарзодӣ чӣ қадар кам гаштааст»,-илова намуд Ҷ. Ғозиев.
Ба андешаи мусоҳиб, раванди  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон,  бахусус  ҷавонон имрӯз  сабаби зиёд шудани бемориҳои сироятӣ гаштааст.  Бархе  аз ҷавонон аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, никоҳ мекунанд ва  оила барпо месозанд, дар бисёр мавридҳо  қисме аз онҳо мубталои бемориҳои  сироятӣ мебошанд, ки оилаашонро сироят намуда, дар натиҷа кӯдаки носолим ба дунё меояд.
Тибқи тағйирот ба Кодекси оила,  муоинаи ҳатмии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ  ба роҳ монда шуда, никоҳи хешутаборӣ дар кишвар манъ карда мешавад, зеро асоси ҷомеаи солимро оилаи солим ва оилаи солимро инсонҳои  солим ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар дар се моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 60 никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 51 ҷуфти  никоҳ дар вилояти Суғд, 5 ҷуфти никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 воҳидӣ ақди никоҳ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе баста  шудааст. Дар моҳҳои январ марти соли 2016 ақди никоҳи 13 ҷуфти никоҳҳои хешутаборӣ бекор карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи оила ва оиладорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва нисбат ба падидаҳои номатлуби ҷомеа, бахусус  болоравии сатҳи  бекоршавии ақди никоҳ изҳори нигаронӣ карда, соли  2015-ро «Соли оила» эълон намуда буданд.
Бино ба гуфтаи Шералӣ Раҳматуллоев, аз муоинаи  ҳатмии тиббӣ   гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ аҳамияти калон дорад.
«Мақсади Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин   солимгардонии ҷавонон,  насли оянда ва  пешгирии маъюбии кӯдакон мебошад.  Пас аз ҷорӣ гаштани ин қонун ҷавонон пеш аз никоҳ ҳатман аз муоинаи тиббӣ мегузаранд ва ҳангоми муайян шудани бемориҳои гузаранда ва хавфнок то муолиҷаи пурра иҷозат барои издивоҷ ба онҳо дода намешавад. Бемориҳои зиёди сироятӣ, аз қабили  оташак,  гонорея, сил ва дигар  бемориҳои гузаранда на танҳо ба шахси бемор, балки ба ҷуфти ӯ ва фарзандонаш хавф доранд.
Ҳарчанд муоинаи пеш аз издивоҷ пештар ҳам дар Кодекси оила амал мекард, вале он ҳатмӣ набуд ва ягон натиҷаи дилхоҳ ҳам надод», — афзуд Ш.Раҳматуллоев.
Имрӯзҳо дар ҳамаи марказҳои саломатии шаҳру вилоятҳои кишвар утоқҳои инфиродӣ фаъоланд, ки ҷавононро аз рӯи хоҳишашон аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд ва ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.  Маҳз ба хотири солимии  ҷомеа,  соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маркази генетикӣ ба кор шурӯъ кард, ки дар он хизматрасонӣ ба мардум ба таври ройгон  ба роҳ монда шудааст.
Давлату Ҳукумат тамоми тадбирҳоро барои ҳифзи саломатии аҳолӣ андешида истодаанд. Боқӣ аз падару модарон ва ҷавонон вобаста аст, ки оилаи солим барпо кунанд ва тифли солим ба дунё оранд.

Лайло Қосимова

Июнь 13, 2016 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид