Амалиёти «Нелегал -2016» дар Хатлон
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Амалиёти «Нелегал -2016» дар вилояти Хатлон ба анҷом расид,- гуфт сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Хатлон Аҳлиддин Маликов. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш ва амалиёти махсус 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Хатлон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд,-хабар дод ӯ.
Инчунин зикр шуд, ки онҳо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Чин, Узбекистон, Туркия ва Федератсияи Русия мебошанд, ки дар ноҳияҳои Қумсангир, Вахш ва шаҳрҳои Қурғонтеппаву Кӯлоб зиндагӣ доштаанд.
Ёдовар мешавем, ки қисмате аз шаҳрвандони хориҷӣ дар ширкатҳои ҶДММ «Водии Заррин», ҶДММ «Гувелс» ва ҶДММ «Умед-2012» фаъолият доштанд ва 4 нафари дигари онҳо ба меҳмонӣ омада, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави кишвар сари вақт ва дар сатҳи лозимӣ риоя накардаанд.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон гурӯҳи махсуси кормандон аз бахши муҳоҷирати меҳнатӣ барои назорати истиқомату фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ вобаста гардидаанд, ки онҳо ҳар ҳафта мувофиқи нақша дар субъектҳои хоҷагидор ва шаҳру навоҳӣ санҷиш ва амалиёт гузаронида, қонунвайронкуниҳоро аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор мекунанд.
Дар ин бора аз Маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






