Амалиёти «Нелегал -2016» дар Хатлон

Июнь 23, 2016 11:36

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Амалиёти «Нелегал -2016» дар вилояти Хатлон ба анҷом расид,- гуфт сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Хатлон Аҳлиддин Маликов. Дар натиҷаи гузаронидани  санҷиш ва амалиёти махсус 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Хатлон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд,-хабар дод  ӯ.
Инчунин зикр шуд, ки онҳо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Чин, Узбекистон, Туркия ва Федератсияи Русия мебошанд, ки дар ноҳияҳои Қумсангир, Вахш ва шаҳрҳои Қурғонтеппаву Кӯлоб зиндагӣ доштаанд.
Ёдовар мешавем, ки қисмате аз шаҳрвандони хориҷӣ дар ширкатҳои ҶДММ «Водии Заррин», ҶДММ «Гувелс» ва ҶДММ «Умед-2012» фаъолият доштанд ва 4 нафари дигари онҳо ба меҳмонӣ омада, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави кишвар сари вақт ва дар сатҳи лозимӣ риоя накардаанд.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон гурӯҳи махсуси кормандон аз бахши муҳоҷирати меҳнатӣ барои назорати истиқомату фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ вобаста гардидаанд, ки онҳо ҳар ҳафта мувофиқи нақша дар субъектҳои хоҷагидор ва шаҳру навоҳӣ санҷиш ва амалиёт гузаронида, қонунвайронкуниҳоро аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор мекунанд.
Дар ин бора аз Маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Июнь 23, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд