Ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз 1200 ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард гузаронида мешавад
Душанбе, 6.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз 1700 нафар кӯдак бо нуқсонҳои модарзодии дил таваллуд шуда, 75 фоизи онҳо бинобар нагирифтани табобати махсуси бармаҳал дар соли аввали ҳаёт мефавтанд.
Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемориҳои дилу рагҳо як самти афзалиятноки илми тиб ва соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола зиёда аз 1200 ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгард гузаронида мешавад.
Солҳои охир дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо усулҳои табобати рентгеноэндоваскулярӣ ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо коркард шуда, дар амалияи тиббӣ ба таври васеъ ворид карда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






