Ҷамъбасти марҳалаи аввали бозиҳо дар Лигаи олӣ

Июнь 20, 2016 10:13

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо се бозии мавқуфгузоштаи даври 8-уми марҳалаи аввали Чемпионати мамлакат  миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба поён расид. Чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар дидори худ бо КМВА «Помир» бо душворӣ ба ғалабаи 7-ум ноил шуд. Дар нимаи аввали вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов бо голи 10-уми худ дар мавсими имсола ҳисобро боз кард ва баъди баробар кардани натиҷа аз ҷониби Фирдавс Чақалов, ҳимоятгари «истиқлолиҳо» Сиёвуш Асроров, ки аввалин голи мавсими соли 2016-ро ба самар расонида буд, бо голи охирини марҳалаи аввал бозиро ба нафъи «Истиқлол» бо натиҷаи 2:1 ҷамъбаст кард.
Дар ин рӯз  бозии марказии давр  байни дастаҳои «Хайр» ва«Ҳосилот» бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Вохӯрии байни дастаҳои «Хуҷанд» бо «Барқчӣ» низ бо ҳамин ҳисоб хотима ёфт.
Ба ҳамин тартиб дар ҷамъбасти марҳалаи аввал ҷадвали раддабандии дастаҳо чунин шакл гирифт:

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 9 7 2 0 29-10 23
2 «Ҳосилот» (Фархор) 9 4 4 1 13-9 16
3 «Вахш» (Қурғонтеппа) 9 4 2 3 15-15 14
4 «Баркчӣ» (Душанбе) 9 4 2 3 13-13 14
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 4 1 4 17-11 13
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 4 1 4 12-9 13
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 4 1 4 9-15 13
8 «Хайр» (Ваҳдат) 9 3 4 2 14-7 13
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 1 2 6 7-17 5
10 «Равшан» (Кӯлоб) 9 0 1 8 8-31 1

 

Нишонзани беҳтарини марҳалаи аввал Манучеҳр Ҷалилов(«Истиқлол») ба дарвозаи ҳарифон 10 тӯб задааст. Агблей Ҷонес(«Хайр»,8 ), Ромиш Ҷалилов(«Регар-ТадАЗ», 6) ва Аҳтам Ҳамроқулов(«Вахш»,5) ӯро пайгирӣ мекунанд.
Марҳалаи дуввуми Чемпионати мамлакат баъди якуним моҳ, 6-7 август бо бозии даври 10 шурӯъ мегардад.

Июнь 20, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд