Ҳамкории шаҳри Хуҷанд бо Ҷумҳурии Беларус густариш меёбад
Хуҷанд, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро, ки дар вилояти Суғд сафари корӣ дошт, ба ҳузур пазируфт.
Шаҳрдори Хуҷанд аз вусъати ҳамкории соҳибкорон ва ширкатҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд бо ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Беларус ёдовар шуда, изҳори умед кард, ки ин ҳамкорӣ боз ҳам густариш дода шаванд.
Зикр шуд, ки имрӯз дар миқёси шаҳр 8000 соҳибкорон ба ин соҳаи иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, даҳҳо корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмониву маишӣ таъсис додаанд ва фаъолияташон назаррас мебошад. Дар ҳолати таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ҳарду ҷониб метавонанд ба дастовардҳои назаррас ноил шаванд, зеро дар кишвари мо ашёи хоми асосӣ-нахи пахта фаровон аст.
Сафири Беларус Олег Иванов оид ба рушди ҳамкории мутқобилан судманди ду ҷумҳурӣ, хусусан бародаршаҳрҳо- Хуҷанду Могилёв сухан карда, таквият бахшидан ба ҳамкории дучонибаро ҷонибдорӣ кард, зеро имкониятҳои Ҷумҳурии Беларус хусусан дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноати мошинсозӣ ва кишоварзӣ басо калон аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






