Амнияти почтаи электронӣ: семинар оид ба масъалаҳои киберфазо барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд семинар оид ба масъалаҳои амнияти киберфазо ва нақши CERT-и бисёрҷониба дар ҳалли онҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаю идораҳои давлатӣ оғоз гардид.
Сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода зикр кард, ки дар замони муосир масъалаи амнияти киберфазо аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, баланд бардоштани донишу малакаи кормандони самти мазкур ҷиҳати вокуниш ва ё омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи компютерӣ ва кибертаҳдидҳо ниҳоят зарур аст.
Бинобар ин, бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет семинари мазкур роҳандозӣ гардидааст, ки ду рӯз идома мекунад.
Директори Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет Муҳаммадӣ Ибодуллоев иброз дошт, ки дар семинар мавзӯъҳои «Моҳияти Киберамният дар киберфазо (гузарвожаҳо, вирусҳо), «Амнияти почтаи электронӣ», «Амният дар Шабака ва Индекси киберфазо», «Амнияти шабакаҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ», «Асосҳои CERT», «Кибертаҳдидҳо ва Идоракунии устувор», «Амнияти инфрасохтори муҳими техникӣ ва инфрасохтори муҳими иттилоотӣ» ва «Индекси киберамниятии байналмилалӣ» мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
Дар семинар коршиносони байналмилалӣ Олег Демидов — машваратчии PIR-Центр аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия ва намояндагони Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии интернет: Артём Горяинов, Асомуддин Атоев, Суҳроб Рустамов ва Парвина Ибодова ба иштирокдорони семинар дар мавзӯъҳои «Роҳҳои таҳким бахшидани амнияти аккуантии почтаи электронӣ ва интиқоли додаҳои онлайн», «Шабакаҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои амнияти рақамӣ» ва дигар мавзӯъҳо маълумот хоҳанд дод.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






