Ҳамоиш бахшида ба «Соли фарди солим» дар Панҷакент

Июнь 3, 2016 11:16

Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар тарабхонаи «Дӯстӣ»-и маркази шаҳри Панҷакент бахшида ба  «Соли фарди солим» дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии зан ва мард. Пешгирии хушунат дар оила» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷамоатҳои деҳот, табибон аз беморхонаи марказии шаҳр ва Маркази саломатии шаҳр, инчунин ҳуқуқшиносон иштирок намуда, оид ба пешгирии никоҳи хешутаборӣ, зӯроварӣ дар оила, баробарҳуқуқии марду зан дар оила, таълиму тарбияи кӯдакон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мубодилаи афкор намуданд.
Бояд зикр кард, ки соли 2016 дар вилояти Суғд «Соли фарди солим» Эълон гардида, дар ҳамаи шаҳру навоҳии он чунин чорабиниҳо ба роҳ монда мешаванд, зеро давлати солим аз фарди солим ва оилаи солим вобаста аст.

Июнь 3, 2016 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст