Анҷоми мусобиқаи футболи хурд дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиши кишвар идома доранд. Рӯҳияи ҷашнӣ на танҳо бошишгоҳу дастаҳои шинохтаи касбӣ, балки варзишгарони ҳаваскорро низ фаро гирифтааст.
Дар ҳамин асос мусобиқоти футболи хурд, ки миёни наврасони соли таваллудашон 2000-2005 дар Душанбе ҷараён дошт, анҷом пазируфт.
Дар ин сабқат сокинони маҳаллаҳои пойтахт имкони ширкат варзиданро доштанд. Ҳамин гуна беш аз 40 дастаи футбол аз ҳисоби завқмандону ҳаваскорон таъсис дода шуд. Рақобатҳо миёни ин дастаҳо, ки беш аз як моҳ тӯл кашиданд, басо ҷолибу ҷозиб сурат гирифта, ниҳоят ғолибон муайян гардиданд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа таъкид гардид, ки ин тадбирҳо ба хотири ҷалби ҳарчӣ бештари наврасон ба варзиш, хусусан футбол роҳандозӣ шуда, минбаъд низ пайваста сурат хоҳанд гирифт.
Ҳунару маҳорати ғолибону бозингарони беҳтарини мусобиқа аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ бо ҷому нишон, тӯби футбол ва туҳфаҳои гуногуни варзишӣ қадр карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






