Англия аз идомаи сабқат дар Ҷоми «Аврупо-2016» маҳрум шуд

Июнь 30, 2016 10:11

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи рақобатҳои 1/8- ниҳоии Ҷоми «Аврупо-2016» дастаи мунтахаби Исландия тими мунтахаби Англияро аз идомаи рақобат маҳрум сохт. Ин рақобат дар шаҳри Нитса, дар майдони «Алянтс Ривера» доир гардида, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими мунтахаби Исландия поён ёфт. Новобаста аз он, ки тими мунтахаби миллии Англия дар 63 фоизи вақти асосии бозӣ тӯбро дар ихтиёри худ дошт, бозиро бар рақиби худ бохт. Голи ягонаи тими мунтахаби Англияро Уэйн Руни дар дақиқаи чоруми бозӣ бо иҷрои зарбаи 11 метра ба дарвозаи дастаи мунтахаби Исландия зад.
Ду дақиқа баъд аз ин гол ҳимоятгари тими мунтахаби Исландия Рангар Сигурдссон дарвозаи Англияро рахна намуда, ҳисобро баробар сохт. Голи дуюми дастаи мунтахаби Исландияро Колбейн Сигторссон дар дақиқаи 18-уми бозӣ ба дарвозаи Англия зад ва ҳамин тариқ, ҳисоб 2:1 то охири бозӣ бетағйир монд.
Ҳамин тариқ дастаи мунтахаби Англия пас аз ин шикаст Ҷоми «Аврупо 2016» оид ба футболро тарк мекунад ва тими мунтахаби Исландия ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфта, дар ин марҳила 3-юми июл бо тими мунтахаби Фаронса рақобат хоҳад кард.

Июнь 30, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд