Аргентина ва Чилӣ дар бозии ниҳоии Ҷоми Амрико-2016

Июнь 23, 2016 11:38

Душанбе,23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар бозии дуввуми нимниҳоӣ барои Ҷоми Амрико-2016 дастаҳои мунтахаби Чилӣ ва Колумбия вориди сабқат шуданд. Бозӣ дар нимаи аввал ниҳоят тезутунд гузашт ва футболбозони Чилӣ дар дақиқаи 7 ва 11 тавассути голҳои задаи Арангис ва Фуэнсалида ба сафи пеш баромаданд. Нимаи аввал бо ҳамин натиҷа ба анҷом расид.
Аз сабаби бад шудани вазъи ҳаво ва борону тӯфон дар Чикаго, ки ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Солҷер Филд»-и ин шаҳр ҷараён дошт, қисми дуввуми бозӣ 2 соату 30 дақиқа боздошт шуд ва баъди омода кардани майдон дастаҳо вохӯриро идома доданд ва он бо ҳамон натиҷаи нимаи аввал 2:0 ба охир расид. Дастаи мунтахаби Чилӣ, чемпиони феълии Ҷоми Амрико -2015 акнун бо дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии нимниҳоӣ аввал бар тими мунтахаби Амрико бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда буд, ба бозии ниҳоӣ, ки 27 июн барпо мегардад, қувва хоҳад озмуд.
Ёдовар бояд шуд, ки соли гузашта маҳз дастаҳои мунтахаби Чилӣ ва Аргентина дар бозии ниҳоӣ бо ҳам вохӯрда буданд ва он вақт дар вақти асосӣ натиҷаи мусовӣ(0:0) ҳосил шуд ва соҳибони майдон- чилигиҳо аз зарбаҳои баъдибозии 11-метра бо натиҷаи 4:1 ғалаба карда, аввалин Ҷоми Амрикоро ба худ ихтисос доданд. Аз тарафи дигар дар ҷараёни бозиҳои Ҷоми Амрико-2016 тимҳои мунтахаби Аргентина ва Чилӣ якҷоя ба гурӯҳи «А» шомил буданд ва Аргентина бо ҳисоби 2:1 дар вохӯрии гурӯҳӣ пирӯз гардид. Акнун дар бозии ҳалкунанда кадом даста ғолиб меояд, интизор мешавем.
Дастаҳои мунтахаби Амрико ва Колумбия 26 июн барои дарёфти медалҳои биринҷӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Июнь 23, 2016 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд