Асолату бақои ҳар як миллат аз пойдории забону оинҳои миллист
Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Комсомоли лаби Амур аз ҷониби хонаи «Дӯстии халқҳо»-и кишвар фестивали кӯдаконаи «Афсона ҳам ба хонаи шумо меояд» баргузор гардид. Дар фестивал намояндагони ҳамаи миллатҳои маскуни шаҳри Комсомоли лаби Амур фаъолона ширкат варзида, ҳар яке ҳунару маҳорати сарояндагиу шеърхонӣ, рассомӣ ва дигар ҳунарҳои маъмулро пешкаши тамошобинон гардониданд. Дастаи ҳунарии бонувону кӯдакони ҷамъияти тоҷикон, ки ба он Қосимҷон Абдуллоев сарварӣ мекунад, дар чорабинӣ фаъолона ширкат варзид.
Зимни суҳбат Қосимҷон Абдуллоев иброз дошт, ки асолату бақои ҳар як халқияту миллат-ин забону оинҳои миллӣ буда, имрӯз маҳз тавассути талошҳову дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати иллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик тавонист бори дигар худро ҳамчун миллати дорои тамаддуни қадимтарину ориёӣ муаррифӣ намояд.
Ҳамчунин Қосимҷон Абдуллоев иброз дошт, ки мақсад аз таъсиси ҷамъияти тоҷикон ва ширкат дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангии кишвари Шарқи Дур- ин муарифии осори бои таърихиву оламшумул ба доираи васеи адибону мутафаккирон мебошад.
Садбарг Боқиева








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






