Қасри нав барои фарҳангчиёни Ёвон
Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои бозсозӣ ва азнавбарқароркунии қасри фарҳанги ноҳия, ки солҳои тӯлонӣ рӯи таъмирро надида буд, аз ҳисоби буҷаи ноҳия як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, азхудкунии он давра ба давра амалӣ гардида истодааст.
Тавре ки Аҳлиддин Қулов, мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи зикр кард, айни замон дар иншооти мазкур корҳои таъмиру барқарорсозӣ аз рӯи нақша бомаром дар ҷараён аст.
Зикр шуд, ки бо истифода аз шароити мусоиди маблағгузорӣ қасри мазкур бо таҷҳизоту лавозимоти корӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарҳангчиёни ноҳия мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






