Ҷавонони Хатлон малакаи роҳбариро азхуд мекунанд
Қурғонтеппа, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа семинари дурӯзаи омӯзишӣ дар мавзӯи «Мо роҳбарӣ меомӯзем» ба кори худ оғоз кард. Дар кори семинар 120 нафар гирандагони сипендияҳо ва кормандони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок менамоянд.
Дар рӯзи якуми семинар зимни вохӯрӣ бо ҷавонон муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода гуфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавононро дастгирӣ менамояд ва ҷавонон имрӯз барои баланд бардоштани дониши худ имкониятҳои васеъ доранд.
Тавре дар семинар зикр шуд, мақсади асосии чорабинӣ фароҳам овардани муҳит барои рушди малакаҳои ҷавонони фаъол ва мубодилаи таҷриба мебошад. Ҳамзамон зикр гардид, ки гирандагони стипендияҳо ҷавонони фаъол мебошанд ва онҳо метавонанд дар рушду нумуи кишвар, пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҳамсолони хеш ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас гузоранд.
Дар назар аст, ки дар рӯзи дуюми семинар вохӯрии ҷавонон бо раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ баргузор гардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






