Аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай Данғара-Син Силу-Текстил» ба ДТТ 1000 дархост ворид гардидааст
Душанбе, 06.06.2016./АМИТ «Ховар»/. 4-уми май дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М.С.Осимӣ ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони соли 2016 чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату кумитаҳо, корхонаву муассисаҳои таълимӣ, аз қабили Вазорати кишоварзӣ, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, Коллеҷи техникии ДТТ, Литсейи техникӣ-нассоҷии шаҳри Душанбе, Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин намояндагони дигар иштирок намуда, ба хатмкунандагон оид ба кор ва корхонаи худ маълумоти муфассал доданд.
Муовини аввали ректор, муовин оид ба таълими ДТТ Сафаралӣ Гадоев зикр кард, ки: «Соли равон зинаи якуми таҳсили (бакалаври) Донишгоҳро аз рӯйи 52 ихтисос 1744 нафар, аз ҷумла, 555 нафар буҷавӣ, 1189 нафар шартномавӣ ва 54 нафар аз тариқи квотаҳои президентӣ хатм менамоянд, ки то имрӯз аз ҷониби вазорату кумита ва корхонаҳо 1169 дархост барои қабул ба кор ворид гардидааст.
«Дархостҳои воридгардида аз ҶСП «Ҷунтай Данғара-Син Силу-Текстил» барои 1000 нафар, аз Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе барои 10 нафар, аз Гвардияи миллӣ барои 40 нафар, аз Литсейи касбии техникии саноатӣ-нассоҷии ш. Душанбе барои 9 нафар ва аз чандин корхонаҳои дигар барои якнафариро ташкил медиҳанд»,- зикр кард номбурда.
Сафаралӣ Гадоев зикр намуд, ки: «Шахсоне, ки аз тариқӣ буҷавӣ донишгоҳро хатм кардаанд, бояд ба таври роҳхат ба корхонаҳои давлатӣ сафарбар карда шаванд ва дар он ҷо се сол ҳатман фаъолият намоянд. Шахсоне, ки аз тариқи квотаҳои президентӣ донишгоҳро хатм кардаанд, бояд ба ноҳияҳои мувофиқ, ки аз он ҷо ба донишгоҳ фиристода шудаанд, рафта, се сол кор кунанд ва баъд дипломашонро гиранд».
Мудири шуъбаи рушди касбияти ДТТ Эмомиддин Тауров зикр кард, ки дар соли таҳсили 2015-2016 196 нафар аз рӯйи 13 ихтисос зинаи магистратураи донишгоҳро хатм менамоянд, ки аз онҳо 46 нафар буҷавӣ ва 150 нафар шартномавӣ мебошанд.








Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад






