Аъзои ҳукумат ба Президент ва вакилони Парлумон ба халқ савганд ёд мекунанд
Душанбе,22.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз шурӯъ ба иҷрои вазифа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бошанд баъд аз таъйин ё интихоб гардиданашон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба халқи Тоҷикистон савганди садоқат ёд мекунанд.
Вобаста ба ин, 22 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба ду қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шарофиддинова зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии кишвар бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Тавре маълум аст, 22 май бо баргузории райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






