Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Магнитогорски ФР мусобиқаи рафиқонаи бокс баргузор гардид

Июнь 17, 2016 15:41

Душанбе, 17.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Бахшида ба ҷашни фархундаи  Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Магнитогорски ФР барои дарёфти ҷоизаи ҷамъияти тоҷикони Магнитогорск, ки ба он Бахтиёрҷон Султонов сарварӣ мекунад, мусобиқаи рафиқонаи бокс баргузор гардид.  Дар мусобиқа, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори шаҳри металлургҳо  варзишгарон ҷамъ омада буданд, варзишгарони тоҷик маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, тавонистаанд сазовори ҷои аввал ва шоҳҷоиза шаванд. Ба ҳозирин бештар ҳунарнамоии устоди варзиш Каримҷон Абдураҳимов, ки ба рақибаш Анатолий Кравченко дастболо гардид, Сабрина Муродова ва Хушқадам  Некрузов писанд омад.
«Баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ ва ба варзиш ҷалб кардани ҷавонону наврасони тоҷик,- гуфт ба мо Бахтиёрҷон Султонов,- дар қавӣ гаштани худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии онҳо нақши калон дорад. Мо дар ҳама вохӯриву чорабиниҳоямон ба ҷавонони тоҷик ҳатман дар бораи ба варзишу касбомӯзӣ ва донишомузӣ  машғул шудан машварат медиҳем, зеро яке аз омилҳои аз ҳар гуна равияҳои манфури ба ҷомеа зараровару нангин дурр кардан- ин ба донишомӯзиву варзиш ҷалб кардани ҷавонон аст»,-мегӯяд Б.Султонов.
-Варзиш аз намудҳои фарҳанги қадимии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо барои рушди намудҳои гуногуни варзиш ва дур нашудан аз асолату тамаддуни худ мусобиқаҳои гуногуни варзиширо дар сатҳи баланд доир мекунем, ки онҳо  бо ширкати васеи роҳбарияти шаҳр ва устодони варзиш доир мегарданд,-афзуд Б. Султонов.

Садбарг Боқиева,  Магнитогорск

Июнь 17, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад