Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд

Июнь 23, 2016 15:35

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 19-умин солгарди  Ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 27 июни соли равон дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт чорабиниҳои фарҳангиро ба нақша гирифтааст.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, тибқи нақша ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар якҷоягӣ бо ансамбли «Сомон» дар майдони «800-солагии Маскав», гурӯҳҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев дар боғи фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Июнь 23, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд