Бар асари бетартибиҳои оммавӣ дар Венесуэла 400 нафар боздошт шуданд

Июнь 20, 2016 12:14

Душанбе, 20.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Неруҳои амниятии Венесуэла дар асари  ғоратгарӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ҳадди ақал 400 нафарро боздошт карданд.  Иттилоъ дода мешавад, ки издиҳоми ба хашму ғазабомада бо шиори  «Мо хӯрок мехоҳем!» садо баланд мекарданд. Қобили зикр аст, ки ҳафтаҳои охир аз сабаби норасоии шадиди ғизо эътироз ва мусодираи мағозаҳои дар  саросари Венесуэла сурат мегирад.
Пештар аз ин хабар расида буд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Венесуэла омодаи гуфтушунид ҳастанд, то ташаннуҷ миёни ду кишвар коҳиш ёбад ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  хориҷ шудани Каракасро аз Созмони давлатҳои Амрико  дастгирӣ намекунанд.
Венесуэла, ки яке аз бузургтарин тавлидкунандагони нафти ҷаҳон аст, гирифтори буҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ гаштааст, ки  ин боиси нооромиҳо дар кишвар мешавад.
ИМА муовини котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва дипломати собиқадори Амрико оид ба Амрикои Лотин-Томас Шэннонро ба ҳайси намояндаи худ барои танзими робитаҳо ба Венесуэла мефиристад.

Июнь 20, 2016 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад