Барасмиятдарории либосҳои кӯдакона аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ пас аз боздошт
Душанбе, 8.06.2016 /АМИТ Ховар/. 8 июн дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «Опел», рақами қайди давлатиаш 6859 ЕА 02 муайян ва боздошт карда шуд.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ маълум гашт, ки дар дохили мошин ба миқдори 400 кг либосҳои кӯдакона бе ҳуҷҷатҳои гумрукӣ мавҷуданд.
Тавре аз гуфтаҳои ронандаи воситаи нақлиёти мазкур Ҳ.К., соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи деҳаи Даҳяки шаҳри Истаравшан бармеояд, ӯ ба сифати ронандаи мошини кироя молҳои шаҳрвандонро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе меовардааст.
Зимни пурсиши ҳуҷҷатҳо соҳибмулк И. И. натавонист ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридотӣ пешниҳод намояд ва ҳамзамон иброз дошт, ки моли мазкурро ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба даст овардааст ва ба мақомоти гумрук барои ихтиёран ба расмияти гумрукӣ даровардани молҳои зикргардида бо аризаи расмӣ муроҷиат намудааст.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва талаботи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои боздоштшуда аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдор ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






