Баргузории ҳамоиши байналмилалии «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» дар Душанбе
Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ«Ховар» /. Дар шаҳри Душанбе 9-11 августи 2016 Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» баргузор мегардад, ки он бо ибтикори муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) роҳандозӣ шудааст. Дар ҷаласа намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ҳамоиш масъалаҳои афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва низомҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкорӣ ва шарикии байналмилалӣ, рушди ҳамкории минтақавию бисёрсоҳа ва пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамоиш барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, ҳамчунин дар доираи Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, замина фароҳам хоҳад овард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






