Баррасии ҷараёни татбиқи лоиҳа дар бахши обуҳавошиносии кишвар

Июнь 10, 2016 14:25

Душанбе, 10.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи  маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ассотсиатсияи байналмилалии рушд доир ба «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»  имрӯз дар Душанбе зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки дар ҳузури  Акрамшо Фелалиев-муовини раиси Маҷлиси  намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки маблағи умумии лоиҳаи мазкур, ки  13 миллион $-ро ташкил медиҳад,  соли 2012 оғоз ёфта, соли 2018 ба анҷом мерасад. Лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар  Осиёи Марказӣ барои  амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати таъмини рушд ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти обуҳавошиносӣ, мубодилаи маълумот, барқарорсозии инфрасохтор ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ  равона гардидааст.
Зикр шуд, ки чанде пеш вакилони Маҷлиси намояндагон аз дидбонгоҳҳои обсанҷӣ ва истгоҳҳои ҳавосанҷии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Шаҳринав,  Варзоб,  Айнӣ ва Панҷакент боздид намуда, бо ҷараёнии корҳои дар доираи лоиҳаи мазкур татбиқшаванда шинос гардиданд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар зарфи чор соли охир  дидбонгоҳҳои   обсанҷӣ ва истгоҳҳои ҳавосанҷӣ бо таҷҳизоти  нави замонавии бо компютерҳо таҷҳизонидашуда васл гардидаанд.
Инчунин таъкид шуд, ки дар соҳа мушкилоте мавҷуданд, ки ба дастгирӣ ниёз доранд. Алҳол дар Тоҷикистон дар соҳаи гидрометериология 96 дидбонгоҳи обсанҷӣ ва 54 истгоҳи ҳавосанҷӣ бо теъдоди умумии  796 нафар корманд  фаъолият доранд.

Июнь 10, 2016 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд