Баррасии нақшаи нави кории «Даҳсолаи илм ва технология» дар Покистон

Июнь 7, 2016 15:03

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Дар   шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи понздаҳумин Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ (COMSTECH)-и Созмони Ҳамкории Исломӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ширкат дошт.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд,  мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур баррасии иҷрои қарорҳои ҷаласаи чаҳордаҳуми Ассамблеяи генералӣ, ки 11-уми январи соли 2011 қабул гардидааст, тасдиқи барнома ва буҷети Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ (COMSTECH) барои солҳои 2014-2017, инчунин муҳокимаи нақшаи нави кории «Даҳсолаи илм ва технология» ва омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба илм ва технология буд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории  ҳамоиши навбатии Созмони Ҳамкории Исломӣ соли 2017 дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар дошта шудааст.

Июнь 7, 2016 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад