Баррасии нақшаи нави кории «Даҳсолаи илм ва технология» дар Покистон
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи понздаҳумин Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ (COMSTECH)-и Созмони Ҳамкории Исломӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ширкат дошт.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур баррасии иҷрои қарорҳои ҷаласаи чаҳордаҳуми Ассамблеяи генералӣ, ки 11-уми январи соли 2011 қабул гардидааст, тасдиқи барнома ва буҷети Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ (COMSTECH) барои солҳои 2014-2017, инчунин муҳокимаи нақшаи нави кории «Даҳсолаи илм ва технология» ва омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба илм ва технология буд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории ҳамоиши навбатии Созмони Ҳамкории Исломӣ соли 2017 дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар дошта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






