Баррасии самтҳои асосии омодагии касбии кормандон дар муассисаҳои таҳсилотии политсия дар Арманистон
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Самтҳои асосии омодагии касбии кормандон дар муассисаҳои таҳсилотии политсия» ва Спартакиадаи ҳарсола байни мактабҳои олии ҳуқуқии давлатҳо-аъзои Ассотсиатсия аз ҷониби Маҷмааи таҳсилотии политсияи Арманистон баргузор гардид.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши илмӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия А. Ализода муаррифӣ намуд.
Дар конфронс намояндагони давлатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Гурҷистон низ ширкат намуданд.
Дар қисми аввали конфронс намояндагони Маҷмааи таҳсилотии политсияи Ҷумҳурии Арманистон оид ба фаъолияти кории муассисаи мазкур маълумот дода, намояндагони дигар давлатҳо доир ба фаъолияти кории муассисаҳои худ сухан гуфтанд.
Дар қисми дуюми конфронс мавзӯъҳои вобаста ба омодагии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба монанди «Асосҳои методологии ба кормандони милитсия омӯзонидани техникаи усулҳои муҳорибавӣ», «Хусусиятҳои гузаронидани машғулиятҳои омодагии ҷисмонӣ ба курсантон» ва «Дархости мубрам оид ба коркарди барномаҳои касбӣ-таълимӣ дар муассисаҳои олии касбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар конфронси илмӣ А.Ш. Ализода дар мавзӯи «Омодагии касбӣ-психологии кормандон ва курсантони Академияи ВКД Тоҷикистон» ҳарф зад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






