Бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ

Июнь 17, 2016 11:27

Душанбе, 17.06.16./АМИТ «Ховар»/.  Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ   барои шиносоӣ бо корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ба деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ рафта, ба 20 оилаи зарардида кумакҳои пулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ  ва барои бунёди манзилҳои истиқоматии сокинон масолеҳи сохтмонӣ, инчунин хӯрокиву пӯшокӣ супорид.
Бояд гуфт, ки  13 июн бар асари омадани сел дар ин деҳа 20 хона осеби ҷиддӣ дида, беш аз 30 хонаи дигар қисман зарар диданд. Дар баробари ин 35 гектар замини кишоварзӣ хароб гардида, хаттҳои оби нӯшокӣ ва роҳҳои мошингард вайрон шудаанд.
Бо дастури раиси вилоят аз ҳисоби мақомоти дахлдор ситоди бартарафкунии офат ташкил гардида, ҷиҳати ташкили зиндагии муқаррарӣ дар деҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.    Ва инчунин корҳои бартарафкунӣ дар ин мавзеъ дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида мешаванд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Июнь 17, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик