БМТ: 1 доллари ИМА ба 7,86 сомонӣ ва 1 евро ба 8,89 сомонӣ баробар аст

Июнь 13, 2016 11:07

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Бонки милли Тоҷикистон имрӯз, 13 июн қурби  расмии асъори хориҷиро  нисбат ба сомонӣ чунин муқарар намудааст:   1 доллари ИМА ба 7,86 сомонӣ, 1 евро ба 8,89 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0, 11 сомонӣ баробар мебошад.
Бино ба маълумоти БМТ, имрӯз  1 юани чинӣ  ба  1,19 сомонӣ, 1 фунт стерлинги Англия ба 11,33 сомонӣ ва 1 франки Швейтсария ба 8,16 сомонӣ   баробар аст. Қурби мубодилавии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ барои анҷомдиҳии амалиёти эквайрингӣ бо кортҳои пардохтӣ аз дастгоҳҳои терминалии бонкҳо 10 июни соли равон ҶСК «Тоҷиксодиротбок», ҶСК «Ориёнбонк» ва БДА «Амонатбонк»  1 доллари ИМА- ро ба 7,87 сомонӣ ва ҶСК «Агроинвестбонк» 7,86 сомонӣ  муайян намудааст.
Таъмини муътадил ва фаъолияти самараноки бозори  дохилии асъор бо роҳи баланд бардоштани шаффофият ва  мусоидат ба вусъати бозори дохилии асъор, бартараф сохтани  ҳолати номуайянӣ ва ноустувории он, маҳдуд намудани бозори  ғайрирасмӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин маҳдуд намудани тағйирёбии аз эътидол зиёди қурби пули миллӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомот аз болои фаъолияти бозори нақдӣ назоратро идома дода, чораҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро ба ҷомеа оид ба риояи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ ва баланд бардоштани эътимоду  эҳтироми пули миллӣ амалӣ менамояд.

Июнь 13, 2016 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад