БМТ: Қурби евро каме боло рафта, қурби доллари ИМА муътадил аст
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 21 июн қурби 1 доллари ИМА ба 7.8685 сомонӣ, қурби 1 евро ба 8. 9189 сомонӣ баробар гаштааст.
Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи бонкҳои кишвар 1 рубли Русия 0.1202 сомонӣ муайян шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муайян намуд: 1 юани чинӣ — 1.1956 сомонӣ, 1 фунт стерлинги Англия 11. 5179 сомонӣ, 1 франки Швейтсария — 8.1921 сомонӣ ва 1 риёли Арабистони Саудӣ — 2.0981 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






