БМТ: Қурби евро каме паст шуда, қурби рубли русӣ муътадил аст
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 15 июн қурби 1 доллари ИМА чун дирӯз 7.8685 сомонӣ боқӣ монда, қурби 1 евро боз каме паст шуда, ба 8. 8363 сомонӣ баробар гаштааст.
Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи бонкҳои кишвар 1 рубли Русия 0.1160 сомонӣ муайян шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муайян намуд: 1 юани чинӣ — 1.1927 сомонӣ, 1 фунт стерлинги Англия 11. 1174 сомонӣ, 1 франки Швейтсария — 8.1564 сомонӣ ва 1 Риёли Арабистони Саудӣ — 2.0979 сомонӣ.
Фунт стерлинги Англия нисбат ба дирӯз боз каме поён рафта, франки Швейтсария баръакс боло баромадааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






