Боксчиёни касбӣ минбаъд дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд
Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии бокс (AIBA) дар қонуни худ дигаргунӣ ворид кард. Минбаъд дар Бозиҳои олимпӣ аз соли 2020 сар карда, боксчиёни касбӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар он ширкат варзанд. Ба ин санад аз 88 федератсияи миллии бокс 84- тоаш раъй додаанд ва танҳо 4 федератсия аз овоздиҳӣ худдорӣ кардааст.
Ёдрас мешавем, ки пештар президенти AIBA Чинг-Куо Ву экс-чемпиони ҷаҳон дар ҳашт вазн Менни Пакиаои филиппиниро, ки 37 сол дорад, барои ширкат дар бозиҳои олимпӣ бе мусобиқоти интихобӣ даъват кард. Аммо Пакиао ин пешниҳодро рад карда буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






