Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 СРИҶҶ ВА
Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Бадриддинова аз муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид кард.
Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагон, ҳамзамон бо шароити будубоши он аз наздик шинос шуд.
Р. Бадриддинова бо сардори муассиса, омӯзгорон ва кормандони муассиса суҳбатҳои алоҳида доир намуд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавсияҳои худро барои беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ ба роҳбарияти муассиса пешниҳод намуд.
Дар вохӯрӣ бо иштироки кӯдакон чорабинии фарҳангӣ доир гардид.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






