Бозии ҷавобии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш 7 июн дар шаҳри Дакка мегузарад

Июнь 6, 2016 09:17

Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дастаи мунтахаби Тоҷикистон  барои доир кардани вохӯрии ҷавобии интихобии плей-оффи Ҷоми Осиё- 2019 ба кишвари Бангладеш ҳозир шуд. Сармураббии даста Ҳаким Фузайлов бо худ 20 нафар бозингаронро  ба ин ҷо овард.  Дар рӯзи аввал футболбозони мо тамринҳои худро дар варзишгоҳи коллеҷи шаҳри Дакка ба сомон расониданд. Дар ҳайати дастаи миллипӯшони мо муҳофизатгари тими миллӣ ДавронЭргашев, муаллифи голи чорум дар бозии аввали байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш дар шаҳри Душанбе ҳузур надорад. Ба ҳайати даста инҳо шомил шудаанд:
Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон);
Муҳофизатгарон: Эраҷ Раҷабов («Хайр»), Далерҷон Тӯхтасунов («Ҳосилот»), Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»);
Ниммуҳофизатгарон: Умедҷон Шарифов («Вахш»), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду аз «Барқчӣ»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Нуриддин Давронов (ҳама аз «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»).
Ёдрас мешавем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо миллипӯшони кишварамон бо натиҷаи 5:0 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тими мунтахаби Бангладешро шикаст дода буданд.

Июнь 6, 2016 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад