Дар Қарияи боло Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад
Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ Ховар/. Бахшида ба фаро расидани моҳи шарифи Рамазон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 4 июни соли равон соати 8 дар бозори Қарияи боло ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор намояд.
Дар ярмарка кишоварзон аз вилояти Хатлон, шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Варзоб, КВД «Саноати парандарварии Тоҷикистон», КВД «Моҳии Тоҷикистон», КВД «Асали Тоҷикистон» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ширкат намуда, маҳсулоти нисбат ба нархи бозорҳо то 15-20 фоиз арзонро пешкаши харидорон ва меҳмонони пойтахт менамоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






